«Ӯ танҳо ба масоили сарҳад машғул мешавад», — гуфт Сарвазири Қирғизистон зимни муаррифии муовини нави худ Акрам Мадумаров

Февраль 12, 2020 15:48

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалий Абилгазиев номзадии Акрам Мадумаровро, ки қаблан ҳокими   вилояти Ботканд буд, ба мансаби муовини Сарвазир ба Жогорку Кенеши (парлумон) пешниҳод кард, хабар медиҳад имрӯз Агентии миллии иттлоотии Қирғизистон «Кабар».

Муҳаммадкалий Абилгазиев зикр намуд, ки бо дархости парлумон ва мардум ин муовини сарвазир танҳо дар ҳалли масъалаҳои марз бо кишварҳои ҳамсоя сару кор мегирад.

Дар акс: Акрам Мадумаров

«Сабаби асосии ба мақоми муовини сарвазир таъйин шуданаш, тавре шумо медонед, ин проблемаҳои мавҷуда дар марз бо Тоҷикистон аст. Ӯ худаш зодаи вилояти Ботканд аст, вазифаи  ҳокими ноҳияи Кадамҷойро иҷро карда буд ва медонад, ки дар минтақа кадом мушкилоту масоил вуҷуд доранд», — гуфт Абилгазиев ба вакилони Парлумон.

Сарвазир инчунин зикр кард, ки Мадумаров ҳамчун намояндаи ҳукумат дар минтақа дар комиссия оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ фаъолона кор карда, натиҷаҳои хуб  нишон додааст.

Хотиррасон менамоем, ки чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков  муовини Сарвазир Жениш Раззоқовро, ки  ниҳодҳои қудратӣ ва масоили сарҳадиро назорат мекард,  аз вазифа озод намуд.

Февраль 12, 2020 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид