Теъдоди беморони илтиҳоби шуш берун аз Чин ба 148 нафар расид

Февраль 3, 2020 08:22

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Теъдоди гирифторони  бемории илтиҳоби шуш дар хориҷи Чин,  ки барангезандаи он  навъи нави коронавирус мебошад, ба 148 нафар расид, иттилоъ медиҳад шабакаи давлатии телевизионии «CGTN», омадааст дар хабари АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».

Рӯзномаи «South China Morning Post» муайян кардааст, ки 95 ҳолати сироятёбӣ дар Осиё,  берун аз Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар Аврупо 23,  дар Амрикои Шимолӣ 13, дар Австралия  12  нафар гирифтори ин беморианд.  Қаблан дар бораи нахустин  марги берун аз Чин,  як нафар шахси дар Филипин вафот намуда маълумот дода шуд.

Дар  Гонконги Чин 15 нафар, дар Макао 8  нафар, дар Тайван 10  нафар мубталои ин беморӣ гаштаанд. Дар Чин шумораи гирифторони ин беморӣ то 17 205 нафар зиёд шуда, қурбониёни ин маризӣ  ба 361 нафар расидаанд, 475 нафари дигар  шифо ёфтаанд.

Февраль 3, 2020 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд