Теъдоди беморони илтиҳоби шуш берун аз Чин ба 148 нафар расид
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар хориҷи Чин, ки барангезандаи он навъи нави коронавирус мебошад, ба 148 нафар расид, иттилоъ медиҳад шабакаи давлатии телевизионии «CGTN», омадааст дар хабари АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
Рӯзномаи «South China Morning Post» муайян кардааст, ки 95 ҳолати сироятёбӣ дар Осиё, берун аз Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар Аврупо 23, дар Амрикои Шимолӣ 13, дар Австралия 12 нафар гирифтори ин беморианд. Қаблан дар бораи нахустин марги берун аз Чин, як нафар шахси дар Филипин вафот намуда маълумот дода шуд.
Дар Гонконги Чин 15 нафар, дар Макао 8 нафар, дар Тайван 10 нафар мубталои ин беморӣ гаштаанд. Дар Чин шумораи гирифторони ин беморӣ то 17 205 нафар зиёд шуда, қурбониёни ин маризӣ ба 361 нафар расидаанд, 475 нафари дигар шифо ёфтаанд.








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






