Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи амният, мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 28.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ҳамкориро дар соҳаи амният, мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм тақвият мебахшанд. Дар ин хусус имрӯз зимни ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор ва дар он муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа баррасӣ шуданд.
Вакилони мардумӣ бо ҳамраъйии якдилона Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро тасдиқ ва амалигардии онро барои ҳамкории минбаъдаи ду мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт: «Созишномаи баррасишаванда барои рушди фаъолонаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар ҷодаи мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус терроризму экстремизм равона гардидааст».
Зикр шуд, ки Созишнома моҳи феврали соли 2017 дар шаҳри Давҳа ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.
Тибқи санади мазкур, ки аз 17 модда иборат мебошад, ҷонибҳо дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва муташаккил ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Зимнан, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қатар 13 декабри 1994 барқарор шудаанд.
Сафарҳои расмии сатҳи олии дуҷониба робитаҳои байнидавлатиро дар ҳамаи самтҳо тақвият бахшиданд.
«Дар ин замина байни ду мамлакат 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд», — гуфта мешавад дар иттилояи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ, ки моҳи майи соли 2018 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе доир гардид, нишони равшани ҳамкории дуҷониба дар ҷодаи хатарҳои замони муосир мебошад.
«Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд», — бо қаноатмандӣ изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот.
Ба гуфтаи Икром Умарзода, Созишномаи батасвибрасида тартиби ҳамкории тарафҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, кофтукови шахсони фирорнамуда, вазифаҳои оид ба баланд бардоштани фаъолияти мақомоти ду ҷониб ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро ба танзим медарорад.
Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалигардии он дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа вакилони мардумӣ як зумра масъалаҳои дигарро баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул намуданд.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






