Тоҷикобод: маъракаи тарғиботию омодагии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён доранд
ТОҶИКОБОД, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ- Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов, инчунин як нафар қаҳрамони Россия-Муҳриддин Ашӯров зодагони ноҳияи Тоҷикобод мебошанд, ки бо хизматҳои содиқонаашон ба халқу Ватан ва ҳимояи он имрӯз мояи ифтихору сарфарозии халқи тоҷик гардидаанд. Ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бояд ба ин ҳамдиёрони банангу номуси худ пайравӣ намуда, қарзи фарзандии худро бо сари баланд адо намуда, ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ раванд.
Ин даъват дар маъракаи тарғиботию омодагӣ ва сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо ҷавонони синни даъватии 1993-2002, ки дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод доир гардид, садо дод.
Зимни мулоқот бо даъватшавандагоне, ки ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда буданд, раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода сухан гуфта, ҷавононро ба софдилонаю содиқона ҳимоя намудани марзу буми мамлакат даъват намуд. Дар навбати худ омодагии роҳбарияти ноҳия барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҷиҳати дар оянда ба касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифтани онҳо таъкид карда шуд.
Зимни ҷамъомад раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Абдусамад Идрисов аз корнамоиҳои диловарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ёдовар шуд. Номбурда зикр кард, ки «шумо, ҷавонон, ки ояндаи ин миллату давлат ҳастед, доимо зираку ҳушёр бошед, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, ҳамчун гавҳари чашм ҳифз намоед».
Пас аз мулоқот ҷавонони даъватшуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, омодагии худро барои дар рӯзи аввали даъват шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ ҷумҳурӣ изҳор намуданд.










Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






