«Тоҷикстандарт»: ду корхонаи саноатии Тоҷикистон барои дастовард дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ ғолиби озмуни ИДМ гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Даври дуюми озмун ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовард дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ ҷамъбаст гардид ва дар қатори чаҳордаҳ корхонаи давлатҳои аъзо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду корхонаи саноатӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» ба рӯйхати ғолибони озмун (лауреат) роҳ ёфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Моҳи марти соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ супоридани ҷоизаҳо ба корхонаҳои ғолиб дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори ҷаласаи Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертифкатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, ки 27 июни соли 2018 гузаронида шуда буд, озмуни навбатии дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ эълон гардид.
Дар асоси «Тартиби гузаронидани озмун оид ба дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ», ки бо қарори Шўрои сарони давлатҳои ИДМ аз 25 ноябри соли 2005 тасдиқ гардидааст, озмун дар ду сол як маротиба аз рўи 4 номинатсия гузаронида мешавад.
Озмун дар ду марҳила гузаронида шуда, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси талаботи муқарраргардида баҳогузорӣ карда мешавад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии баҳогузории фаъолияти корхонаҳо- ин ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ аз рўи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва содироти маҳсулоти корхонаҳо ба давлатҳои аъзои ИДМ ба шумор меравад.
«Соли 2019 дар озмуни навбатии эълоншуда бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон пешниҳод шуданд. ҶДММ КМ «Силкоат бойя» дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, ба истеҳсоли маҳсулоти рангҳо ва масолеҳи хушки сохтмонӣ машғул аст. ҶДММ «Ваҳдат» ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ машғул буда, моли истеҳсолнамудаи корхона ба хориҷи мамлакат, хусусан ба давлатҳои аъзои ИДМ содир карда мешавад», — илова намуд манбаъ.
Ин корхонаҳо соли 2018 дар озмуни ҷумҳуривии “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” иширок ва соҳиби ҷоизаи Лауреати озмун гаштаанд.
Маҳз иштирок дар ин озмун ба корхонаҳои мазкур имкон дод, ки дар озмуни дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти дастовардҳои сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ иштирок намоянд.
«Даври дуюми озмун моҳи сентябри соли 2019 ҷамъбаст гардида, ба корхонаҳои мазкур аз тарафи коршиносони давлатҳои ИДМ баҳои баланд дода шуд. Натиҷаи баҳогузорӣ ба котиботи Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ пешниҳод гардид. Дар ҷаласаи навбатии Шўрои мазкур аз тарафи ҳакамон ин корхонаҳои ватанӣ ба ҷоизаҳои балантарини озмун пешбарӣ гаштанд. Моҳи марти соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ супоридани ҷоизаҳо ба корхонаҳои ғолиб, аз ҷумла ба ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» дар назар аст», — иброз доштанд дар «Тоҷикстандарт».








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






