Ҷумъа Давлатов: «Ҷалби занон ба хизмати давлатӣ дар баъзе мақомот қаноатбахш нест»
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби занон ба хизмати давлатӣ дар баъзе мақомоти давлатӣ қаноатбахш нест. Мо бо ин мақомот соли равон барои пурра намудани сафи занон ва саҳм гузоштани онҳо ба хизмати давлатӣ тадбир меандешем. Баробарии гендерӣ бояд дар ҳама соҳаҳо вуҷуд дошта бошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Ҷумъа Давлатов ба хабарнигорон иброз намуд.
Мавсуф аз шумораи ками занон дар хизмати давлатӣ изҳори норозигӣ намуда, зикр кард, ки теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 34 нафар коҳиш ёфта, теъдоди занони роҳбарикунанда 6 нафар афзудааст.
Дар баробари ин зикр гардид, ки теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 8437 нафар ё худ 45,5 фоизро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1279 нафар ё 22, 6 фоиз мебошад.
Ҳамчунин дар доираи ҳамкории байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Дар баробари ин бо мақсади тақвият додани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, табодули таҷриба оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус таҳия гардида, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат аз ҷониби ректори Агентии хизмати давлатӣ ва ректори Академияи мазкур дар шаҳри Минск ин Созишнома ба имзо расид.
Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ фаъолиятро дар доираи ваколатҳои худ самаранок ба роҳ монда, барои татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳад кард.








ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст






