Варзоб. То соли 2021 дар ин ноҳия 18 адад корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз менамоянд
ВАРЗОБ, 10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб то соли 2021 18 адад корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ фаъолияти худро оғоз менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтааст. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст 86 адад иншооти ҷашнӣ, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки бахшида ба ҷашни таърихӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат дар ду соли охир 8 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва коргоҳҳои дӯхти либосҳои мактабӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар онҳо то имрӯз зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Зикр гардид, ки барои бо шуғл ҳарчи бештар фаро гирифтани занони ноҳия ва нақши онҳо дар бозори меҳнат бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб 149 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 184 нафар бонувон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






