Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст

Ноябрь 2, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 67,1 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 47,8 фоиз ва бахши аҳолӣ 52,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар сохтори ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми вилояти Хатлон 53,3 фоиз, вилояти Суғд 31,4 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,1 фоиз, шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,2 фоизро ташкил медиҳад.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли картошка, сабзавот, зироати полезӣ, ангур, маҳсулоти чорводорӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 85 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991    3,7 баробар афзоиш ёфтааст. Соҳаи кишоварзии мамлакат беш аз 21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро фаро гирифта, зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ нисбат ба талаботи меъёрҳои физиологӣ баланд гардид. Дар давраи соҳибистиқлолӣ  истеҳсоли картошка 135,4 фоиз, сабзавот 2,4 маротиба, пиёз 4 маротиба, сабзӣ 3,9 маротиба, полезӣ 3,9 маротиба, мева ва ангур 100 фоиз, гӯшт 104,1 фоиз, шир 100 фоиз ва тухм 74 фоиз таъмин гардид.

Кишоварзӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини  иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли равон зимни суханронӣ бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ иброз доштанд, ки «ҳоло маҳсулоти кишоварзии мо ба зиёда аз 30 мамлакат ҷаҳон содирот карда мешавад».

Тавре аз Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 40 миллиону 500 ҳазор доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 6,7 миллион доллар ё 19,7 фоиз зиёд мебошад.  Аз маблағи умумии 40 миллиону 500 ҳазор доллар ба маблағи 26,5 миллион доллар меваи хушк, 7 миллион доллар меваҷот, 6 миллион доллар сабзавот ва 1 миллион доллар дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 давлати дуру наздик роҳ ёфта, 89 фоизи он ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим ва 11 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 2, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст