Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст, ки замини онҳо 127 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Замини гармхонаҳо 127 гектар буда, дар 57,2 гектар помидор, 28,1 гектар бодиринг ва 23,1 гектар дигар намудҳои сабзавот кишт гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ин гармхонаҳо 3865 тонна сабзавот ва 793 тонна дигар намудҳои сабзавот истеҳсол гардида, ба бозори дохилии мамлакат пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон дар гармхонаҳо 6033 ҳазор дона кӯчат истеҳсол карда шудааст. Соли равон дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар 4017 гектар кишти сабзавот гузаронида шудаст.
Дар шароити иқлими Тоҷикистон дар гармхонаҳо метавон тӯли тамоми сол ҳосил ва даромад ба даст овард. Сабзавоти ботароват ва баландсифат дар ҳар мавсими сол манбаи ғизои дуруст ва солимии аҳолии мамлакат мебошад. Фаъолияти босамари гармхонаҳост, ки дар рӯзҳои зимистон бозори истеъмолӣ аз ҷониби кишоварзони ҷумҳурӣ бо сабзавоти тару тоза таъмин карда мешавад. Инчунин истифодаи гармхонаҳои мавсимӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба манфиати сокинон мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъулони соҳа барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат дастуру супориш медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






