Вазири корҳои хориҷии Чин дар Конференсияи амният дар Мюнхен оид ба коронавирус сухан мегӯяд

Февраль 13, 2020 10:58

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Чин Ванг И имрӯз барои иштирок дар 56-умин Конференсияи амниятии Мюнхен ба Германия меравад. Мавзӯи асосии сухани ӯ мубориза бо коронавирус хоҳад буд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ин хабарро рӯзи чоршанбе зимни брифинги онлайнӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ген Шуанг изҳор дошт.

«Бо даъвати ҷониби Германия Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И 13-15 феврал барои иштирок дар 56-умин Конференсияи амният дар Мюнхен ва панҷумин Муколамаи стратегӣ оид ба дипломатия ва амният ба Германия меравад» -гуфт дипломат.

Ба гуфтаи вай, Конференсияи амният дар Мюнхен як форуми муҳими байналмилалӣ дар соҳаи дипломатия ва амнияти стратегӣ мебошад, ки дар он вазири корҳои хориҷӣ Ван И дар посух ба таваҷҷуҳи баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ суханронӣ мекунад.

“Вай дар бораи талошҳо ва натиҷаҳои ҳукумати Чин ва мардуми мамлакат дар мубориза бо паҳншавии намуди нави коронавирус гузориш дода, оид ба зарурати мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо эпидемия ҳарф мезанад. Мо умедворем, ки метавонем дарки амиқтар ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст орем”,-гуфт Ген Шуанг.

Конференсияи амнияти Мюнхен, ки аз рӯи ҳисоб 56-ум аст, 14-16 феврал дар Бавария баргузор мешавад.

Февраль 13, 2020 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид