Вазорати корҳои хориҷӣ: 3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуда, ба 7 нафари дигар бинобар доштани таби баланд ба сафар иҷозат дода нашуд

Февраль 11, 2020 14:04

ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз соати 6-и  субҳ 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд,  тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба ватан баргардонида шуданд.

Чуноне аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, то 10 феврал муроҷиати 56 нафар донишҷӯён барои аз Чин ба Тоҷикистон баргардонидан  ба қайд гирифта шуда, баъдан  3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуданд. Вале 7 нафари дигар бо сабаби доштани таби баланд аз сафар боздошта шуда, мавриди ташхис қарор гирифтанд.

Аммо  ин маънои онро надорад, ки ин нафарон гирифтори бемории коронавирус мебошанд. Зеро тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Ухан ҷорӣ аст, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба Ватан баргаштанд, дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон»-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд. Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.

Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргашта 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, низ ба ҳолати карантинӣ  фаро гирифта мешаванд.

Февраль 11, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон