Вазорати корҳои хориҷӣ: 3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуда, ба 7 нафари дигар бинобар доштани таби баланд ба сафар иҷозат дода нашуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз соати 6-и субҳ 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд, тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба ватан баргардонида шуданд.
Чуноне аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, то 10 феврал муроҷиати 56 нафар донишҷӯён барои аз Чин ба Тоҷикистон баргардонидан ба қайд гирифта шуда, баъдан 3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуданд. Вале 7 нафари дигар бо сабаби доштани таби баланд аз сафар боздошта шуда, мавриди ташхис қарор гирифтанд.
Аммо ин маънои онро надорад, ки ин нафарон гирифтори бемории коронавирус мебошанд. Зеро тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Ухан ҷорӣ аст, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба Ватан баргаштанд, дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд. Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.
Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргашта 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, низ ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






