Пагоҳ Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» нишасти матбуотӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 13.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 феврал Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ меорояд.
Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур барпо мегардад.
МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» соати 14:00 ва МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 15:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 баргузор мешаванд.








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд






