«Бункер» дар Кинофестивали ҷаҳонии Сочи иштирок мекунад

Февраль 13, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳмуддати «Бункер»-и коргардони ҷавони тоҷик Диловар Султонӣ ба бахши озмунии Кинофестивали  ҷаҳонии Сочи (Sochi film festival) қабул гардид. Фестивали  мазкур аз 14 то 16 феврал дар шаҳри сайёҳии Сочи баргузор мегардад. Кинофестивали ҷаҳонии «Сочӣ» аз зумраи беҳтарин фестивалҳои кино дар Федератсияи Россия мебошад.

Бояд гуфт, ки филми кӯтоҳметражи «Бункер» дар Фестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳи Экс-ан-Прованс (Festival International de courts métrages Aix-en-Provence)-и Франсия  ва Фестивали  ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил (International short & independent film festival (ISIFF)- и давтали Бангладеш  иштирок намуда буд.

Муаллифи филмнома ва коргардон Диловар Султонӣ, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Меҳтоҷов ва наворбардори он Акмал Восидӣ мебошанд.

Филми «Бункер» дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов, Муҳсин Султонӣ, Азам Қараев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд.

Ҳаҷми филм 26 дақиқа буда, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соли 2019 рӯи навор омадааст.

Февраль 13, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд