Нигаронии Рамазон Раҳимзода аз паҳншавии ҳаббҳои (таблеткаҳои) ҷунуновар дар байни ҷавонон

Февраль 14, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз паҳншавии ҳаббҳои (таблеткаҳои) ҷунуновар дар байни ҷавонон Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳори нигаронӣ кард. Генерал-полковники милитсия дар нишасти хабарӣ дар  Душанбе имрӯз  зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии мамлакат гуфт, ки вақтҳои охир паҳншавии ҳаббҳои ҷунуновар  дар байни ҷавонон, хусусан дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушии ҷумҳурӣ авҷ гирифтааст.

Вазир афзуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат соли гузашта 6 гурӯҳи муташаккили  ҷиноятӣ дар ҳайати 17 нафар дастгир гардид, ки аз онҳо 2 ҳазор ҳаббҳои ҷунуновар мусодира гардид.

Бо дахли  муомилоти ғавйриқонунии воситаҳои маводи нашъаовар Вазири корҳои дохилӣ  гуфт, ки гардиши воситаҳои нашъадор  барои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ,  хусусан барои ташкилотҳои террористӣ  манбаи асосии даромад буда, он ба солимии ҷомеа ва генафонди миллат хатари ҷиддӣ дорад. Танҳо соли гузашта аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ 518 кг воситаҳои нашъадор мусодира  ва  беш аз 1 миллиону 900 ҳазор ниҳолҳои бангдонаи кошташуда дарёфт ва  нобуд гардид, ки  миқдори  он 3 тонаву 278 кг-ро  ташкил дод. Ин омор дар ҳолест, ки соли 2019 мақомоти қудратии Тоҷикистон  дар маҷмӯъ  508 ҷинояти  марбут ба муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъаоварро  ба қайд гирифтанд, ки дар  натиҷа аз гардиши ғайриқонунӣ  1 тоннаву 637 кг   воситаҳои нашъадор  дарёфт ва мусодира гардида,  16 гурӯҳи  муташаккили нашъаҷалоб муайян ва дастгир шуданд.

Бо дахли вазъи нашъамандӣ дар мамлакат Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз коҳиш ёфтани сатҳи нашъамандӣ дар мамлакат хабар дод. Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки шумораи нашъамандон дар ҷумҳурӣ алҳол 5 ҳазору 500 нафар буда, аз он 115 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.  Вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ  дар қиёс нисбат ба соли 2018   949 нафар коҳиш ёфта бошад,  аммо ҳамоно дар ҷумҳурӣ ташвишовар боқӣ мемонад, гуфт вазир.

Февраль 14, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид