Нигаронии Рамазон Раҳимзода аз паҳншавии ҳаббҳои (таблеткаҳои) ҷунуновар дар байни ҷавонон
ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз паҳншавии ҳаббҳои (таблеткаҳои) ҷунуновар дар байни ҷавонон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳори нигаронӣ кард. Генерал-полковники милитсия дар нишасти хабарӣ дар Душанбе имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии мамлакат гуфт, ки вақтҳои охир паҳншавии ҳаббҳои ҷунуновар дар байни ҷавонон, хусусан дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушии ҷумҳурӣ авҷ гирифтааст.
Вазир афзуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат соли гузашта 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 17 нафар дастгир гардид, ки аз онҳо 2 ҳазор ҳаббҳои ҷунуновар мусодира гардид.
Бо дахли муомилоти ғавйриқонунии воситаҳои маводи нашъаовар Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки гардиши воситаҳои нашъадор барои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, хусусан барои ташкилотҳои террористӣ манбаи асосии даромад буда, он ба солимии ҷомеа ва генафонди миллат хатари ҷиддӣ дорад. Танҳо соли гузашта аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ 518 кг воситаҳои нашъадор мусодира ва беш аз 1 миллиону 900 ҳазор ниҳолҳои бангдонаи кошташуда дарёфт ва нобуд гардид, ки миқдори он 3 тонаву 278 кг-ро ташкил дод. Ин омор дар ҳолест, ки соли 2019 мақомоти қудратии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 508 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаоварро ба қайд гирифтанд, ки дар натиҷа аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 637 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гардида, 16 гурӯҳи муташаккили нашъаҷалоб муайян ва дастгир шуданд.
Бо дахли вазъи нашъамандӣ дар мамлакат Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз коҳиш ёфтани сатҳи нашъамандӣ дар мамлакат хабар дод. Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки шумораи нашъамандон дар ҷумҳурӣ алҳол 5 ҳазору 500 нафар буда, аз он 115 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ дар қиёс нисбат ба соли 2018 949 нафар коҳиш ёфта бошад, аммо ҳамоно дар ҷумҳурӣ ташвишовар боқӣ мемонад, гуфт вазир.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






