Ҳайати шаҳри Исфара бо зодагони Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори васеи ба номи «Заволокина»-и шаҳри Новосибирск вохӯрии ҳайати расмии Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо ҳайати аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба ин минтақа сафарнамуда сурат гирифт.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, вохӯриро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Зардӣ Шамсиддин ифтитоҳ намуда, тамоми ҳамватанонро бо фарорасии ҷашни баҳору зебоӣ ва фасли деҳқонию баракати замин — Наврӯзи оламафрӯз муборакбод гуфт.
Номбурда иброз дошт, ки ҳар нафаре, ки ҳуввияту ифтихори миллӣ дорад, ҳамеша бояд дар пайи ободию пешравии Ватан-Тоҷикистони азиз бошад.
Дар вохӯрӣ аз ҷавонони донишҷӯ даъват ба амал оварда шуд, ки барои мутахассиси баландпоя шудан бояд онҳо пайваста ба омӯзиш машғул шуда, масъулияти ба зиммаашон доштаро сидқану содиқона анҷом диҳанд.
Ҳамчунин Зардӣ Шамсиддин нисбат ба иқдоми гурӯҳи корие, ки аз шаҳри Исфара барои дидору мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ба минтақаи Сибири Федератсияи Россия омадаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Сипас раиси Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Меҳриниссо Раҳматова ва аъзоёни дигари ин гуруҳи корӣ Ғафурҷон Ҷӯраев ва Муқомиддин Суннатов ҳар яке ба сухан баромада, дар бораи анҷоми қорҳои ободонию созандагӣ дар Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла, Меҳриниссо Раҳматова иброз дошт, ки “хизмат ба халқу Ватан- хизмат ба пайвандону ояндаи неки фарзандон мебошад. Ҳар нафаре, ки Ватан ва гузаштагону ояндагони он барояш муқаддас аст, як зарра ҳам бошад бояд саҳми худро дар ободию пешрафти диёр гузорад. Он вақт Тоҷикистон, ки хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст, боз ҳам ободтару зеботар гашта, ба пешравиҳои аз ин ҳам зиёдттар ноил мегардад”.
“Ҳар як зодаи Тоҷикистон, ки имрӯз дар Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ, тиҷорат ва ё дигар касбу кори дигар машғул асту имкони зиёди кумак ба ҳамватанон ва бунёдкориро дар ҷумҳурӣ дорад, набояд аз ин маъракаи муҳими Ватан дар канор бошад. Зеро 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб шуда, саҳми ҳар як тоҷику тоҷикистониро ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани он тақозо дорад”, -афзуд Меҳриниссо Раҳматова
Аъзои дигари ҳайати кории шаҳри Исфара Ғафурҷон Ҷӯраев ва Муқомиддин Суннатов дар идомаи вохӯрӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба қадри заҳматҳои падару модар расида, шукронаи ободию амонии Тоҷикистонро карда, ҷони худро ба хатар нагузоранду аз ҳар гуна равияҳои террористию экстремистӣ дурӣ ҷӯянд ва ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд.
“Ҷавонони синнашон барои хизмати Ватан -Модар мувофиқбуда, бояд ба Ватан баргашта, рафта мардонавор хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, шарафи ҷавонмардию нанги баланди ватандӯстиро нигоҳ доранд.
Раиси Ҷамъияти тоҷикони Ҷамоати деҳоти Ворух дар Сибир Суръатхон Комилӣ, соҳибкор ва шоири шинохта Бахтовари Усмон, ҷавонмарди фаъолу ватандӯст Изҳориддин Ҳасанов, раиси ҷамъияти тоҷикони “Сомониён”- и шаҳри Новосибирск Минҳоҷиддин Каримов ва дигарон ибрози андеша намуда, зикр намуданд, ки мардуми тоҷик, бахусус мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти шаҳри Исфара ҳамеша сиёсати ободкоронаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ карда, дар куҷое бошанд кӯшиш мекунанд, ки номбардори миллату Ватан гарданд.
Соҳибкорони тоҷики муқими Новосибирск тасмим гирифтаанд, ки бо сохтани иншооти гуногун дар зодгоҳашон дар пешрафти Ватан нақши босазои худро гузоранд.










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






