Ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид

Март 27, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар шаҳри Москва дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар Ҷумҳурии Арманистон ба нақша гирифта шудааст, ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои ИДМ аз ҷониби Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар кори ҷаласа коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Оид ба натиҷаҳои вохӯрӣ лоиҳаи қаблии рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар самтҳои зерин мувофиқа карда шуд:

-ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаҳо барои бозгашт ба шахсоне, ки маҷбурӣ берун карда мешаванд;

-фаъолияти ташкили заминавии ИДМ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;

— мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои  аъзои ИДМ ва мақомоти ИДМ дар соҳаи амният ва тартибот оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ;

— ташаккул, истифода ва афзалиятҳои рушди Махзани иттилоотии байнидавлатӣ;

— муқовимат ба эҳтимолияти истифодаи асъори крек (криптовалют) бо мақсадҳои ҷиноятӣ дар ҳудуди давлатҳои  аъзои ИДМ.

Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷаласа муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мазкур пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Март 27, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид