«Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан»-таҳти чунин ном дар Душанбе барномаи фарҳангӣ гузаронида шуд

Март 4, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он  занони баруманди мамлакат, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, занони муваффақ аз соҳаҳои мухталифи мамлакат, бонувони варзишгар, шоирону нависандагон, ҷавондухтарони фаъол ва ҳунармандон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр кард, ки воқеан зан- модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта,  баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд.

«Дар доираи Рӯзи Модар ба ҳам овардани занони баруманди мамлакат ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳисоби занон барои ҷавондухтарон дарси намунаи олии таҷрибаи рӯзгор мебошад. Зеро онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона фаъолият намуда, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд. Инчунин нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад»,- гуфт А.Раҳмонзода.

Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Фаттоҳзода бонувону модарони тоҷикро табрик гуфта, зикр намуд, ки  зан — модар қиматтарин ва азизтарин шахс дар ҳаёти инсон мебошад. Модар оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ин  аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занро дар ҷомеа баланд бардошта дар ҳама ҳолатҳо пуштибонӣ аз зан- модар  менамоянд.

“Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид дошта буданд, ки зани тоҷик зани боиффат, фарҳангсолор, чароғи хонадон, равшангари рӯзгор, тарбиятгар ва зебодиҳандаи ҷомеа мебошад”, — гуфт Гулҷаҳон Фаттоҳзода.

Дар ҳақиқат Модар сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Ин аст, ки  ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст дошта, азиз мешуморад.

Ҳамчунин ҳунармандони шинохтаи мамлакат бо суруду таронаҳои ҷолиби худ дар васфи Модар, Ватан ва ишқу муҳаббат  хотири  иштирокчиёнро болида гардониданд.

Март 4, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд