«ҲАМОН ХОНА ЗЕБОСТ, КИ РАФҲОИ ОН БО КИТОБ ОРО ЁФТА БОШАНД». Имрӯз Нашриёти «Адиб» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб доир намуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамин лаҳзаҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи фарҳанг бо ташаббуси Нашриёти «Адиб» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб ҷараён дорад.
Директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ин маъракаи фарҳангӣ аз ҷониби нашриёт китобҳои тозанашри «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», «Андарзи бузургон» ва охирин нусхаҳои «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, инчунин адабиёти классикони тоҷику форс, ададбиёти муосир ва адабиёти ҷаҳонӣ ҳамчун арғувони ҷашнӣ бо сифати олӣ ва нархи дастрас пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Номбурда афзуд, ки дар ин намоишгоҳ шоирону навсиандагони машҳури тоҷик иштирок доранд, ки дӯстдорони мутолиа метавонанд, дар китобҳои харидаашон соядасти онҳоро гиранд, бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд.
Бояд гуфт, ки китоб воситаи муҳимтарини ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.
Нависандаи рус Михаил Ломоносов мегӯяд, ки «ҳамон хона зебост, ки рафҳои он бо китоб оро ёфта бошанд».
Рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 март дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш — фурӯши китоб гузаронида мешавад. Ин иқдом барои мардуми тоҷик анъана ва воситаи хубест ҷиҳати дастрас намудани осори пурғановати адибони ватанию хориҷӣ.
Нашриёти «Адиб» тасмим дорад, ки дар пайи амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат намоиш-фурӯши китобро дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.
Мегӯянд, ки дониш зарра-зарра аз китобҳои хондашуда андӯхта мешавад ва китоб аввалин замина барои илмомӯзист.
Пас, биёед китоб мехонем!








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






