«ҲАРГИЗ АЗ ЗАН БУДАНАМ, ЁРОН, ПУШАЙМОН НЕСТАМ…». Гуфтугӯ бо сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар Рӯзи Модар

Март 8, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба таъсиси Рӯзи Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  расо 11 сол пур шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март Фармон ба имзо расониданд. Ҳадафи ба тасвиб расонидани он «бузургдошти зан-модар-офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари ҷавонону наврасон ба роҳи нек  ва пойдории оила» мебошад. Баъди ба тасвиб расидани фармони мазкур таҷлили ин ид дар Тоҷикистон мақоми хосса касб намуд.

Ҳамасола Рӯзи Модар дар мамлакати мо ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК бо яке аз бонувони фаъол, рӯзноманигор ва сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона ОДИНАЗОДА суҳбат намуд:  

АМИТ «Ховар»:  Мегуфтед, ки аз нигоҳи Шумо зан дар ҳаёт чӣ гуна метавонад муваффақ шавад?

Шоҳона Одиназода: Рӯзи Модар барои  ҳар як  нафаре, ки ҳисси миллӣ дорад, ҳар нафаре, ки инсон аст, инсони комил ва ҳар нафаре, ки миллату Ватани худро дӯст медорад, дар ҳақиқат азиз аст, чунки модару Ватан бо ҳамдигар тавъаманд. Ва аз ин фурсати муносиб истифода бурда гуфтаниам:

Дар пичаву докаи сафедат ҷонам,
Дар ларзиши ҷисми баргибедат ҷонам.

Гӯйӣ, ки Худои ломакон дар дили туст,
Дар қалби накӯи пурумедат ҷонам…

Аслан зани муваффақ ҳамон нафаре мешавад, ки ҳама вақт бо кормандон ба мисли модар муносибат кунад. Чунки  даргоҳе, ки ҳар кас фаъолият мекунад, пеш аз ҳама, барои роҳбар он бояд муқаддас, пок  ва беолоиш бошад. Нафаре, ки дилаш ба кормандаш мисли фарзанд месӯзад, вай муваффақ мешавад. Зане, ки ҳамеша ба кор, ба коргоҳ ва ба хонадони хеш содиқ аст, дар зиндагӣ ҳамеша ба комёбиҳо ноил мегардад. Имрӯз Сарвари давлат таваҷҷуҳи бештар ба бонувон доранд, чунки модарону занон дилу нияти пок доранд. Ин маънои онро дорад, ки зан-модар ҳеҷ гоҳ ба фарзанди худ хиёнат намекунад, бадиву душманӣ  намехоҳад, барои ҳамин дили модаронро бузург мегӯянд.

АМИТ «Ховар»: Барои зан роҳбар будан мушкил нест? Манзурам ин аст, ки Шумо барои оила ва тарбияи фарзандон вақт меёбед?

Шоҳона Одиназода: Ба ростӣ ман вақтро тақсим намекунам. Баробари субҳи содиқ аз хоб хестан ман медонам, ки  дар пеши ман ду масъулият аст: модарӣ ва роҳбарӣ, аз ин рӯ вақтро як хел тақсим мекунам. Агар гӯям, ки  панҷоҳ фоизи муваффақиятҳои ман бо дастгирии шавҳари меҳрубонам аст, хато намекунам. Шавҳарам маро дар ҳама ҳолат мефаҳмаду дастгирӣ мекунад, дар тарбияи фарзандонам аз ман дида саҳми он кас бештар аст. Ман, ки роҳбарии як маҷаллаи бонуфузи мамлакат “Бонувони Тоҷикистон”-ро ба уҳда дорам, мехоҳам, ки мо мавзӯъҳои мубрами ҳаёти занону бонувонро пайваста инъикос намоем ва он сари вақт дастраси мардум  гардад.  Барои оила низ вақт меёбам, зеро  шавҳарам маро хуб дарк мекунад. Барои ҳамин дар тақсимоти вақт мушкилӣ надорам.

АМИТ «Ховар»:  Зани  муосири тоҷикро  чӣ гуна  дидан мехоҳед?

Шоҳона Одиназода: Ман бисёр мехоҳам, ки занони мо, пеш аз ҳама, бо илму дониш, бофаросат ва боақл  бошанд ва дар ҳама ҳолат оиларо дар мадди аввал гузоранд. Бузургон мегӯянд, ки зане ки фотеҳаи шавҳарро намегирад, дар ягон ҷо муваффақ намешаваду рӯзи хуш ҳам намебинад. Баъдан мехоҳам, ки зани тоҷик аз ҳуқуқҳои хеш бархӯрдор бошад. Зеро ин қадар имконияте, ки барои бонувону модарони тоҷик дар ҷумҳурии мо роҳандозӣ шудааст, бояд мо аз онҳо худамон ба хубӣ истифода барем. Аввалин коре, ки Сарвари давлат мекунанд, пуштибонӣ аз занону бонувон аст.

Агар занони тоҷик соҳибмаълумот бошанд, онҳо метавонанд кӯҳро талқон кунанд. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон дар ҳама соҳаҳо ифои вазифа мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Хушбахтии занро дар чӣ мебинед?

Шоҳона Одиназода: Хушбахтии зани тоҷикро дар оилаи солиму мустаҳкам мебинам. Дар оилае, ки ӯро эҳтиром мекунанду нафаре дар паҳлӯяш аст, ки ҳама вақт дар пастиву баландӣ, дар сахтиҳои рӯзгор бори вазнини зиндагиро ҳамроҳаш мекашад. Ман зиёд мехоҳам, ки занону бонувони мо ба қадри шавҳаронашон расанд. Мутаассифона, ҳастанд баъзе заноне, ки вақте коргар ё роҳбар мешаванд, “ман кор мекунам” гуфта, аз хизмати оилаву шавҳар худро канор мегиранд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки қиблаи ҳар зан мард аст. Нахуст мо бояд эҳтироми марди хонаводаро ба ҷо биёрем. Вақте занону бонувон эҳтироми шавҳарашонро ба ҷо биёранд, пас ин занро метавон хушбахттарин зан ҳисобид.

АМИТ «Ховар»:  Кадом хислатҳоро дар  зан намеписандед?

Шоҳона Одиназода: Мутаассифона, имрӯз бонувонеро вомехӯрам, ки худписанду мағруранд ва фикр мекунам такаббур ба зани тоҷик намезебад. Зан дар ҳама ҳолат бояд латиф, хушзабон ва меҳрубон бошад. Ба зан муносибати дағалона бо атрофиён намезебад. Ҳамин хислатҳоро дар зан ман ҳеҷ қабул надорам…

АМИТ «Ховар»: Ба ҷавондухтароне, ки нав ба зиндагии мустақилона қадам ниҳодаанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

Шоҳона Одиназода: Тавре дар боло зикр кардам, зан -бону дар ҳаёт бояд аввал донишманд ва баъд ботаҳаммул бошад. Зиндагӣ саҳифаҳои нонавиштаи зиёд дорад ва аз рӯи нақшаҳои тарҳрезикардаи мо нест, аз ин рӯ бояд духтарон ҳаматарафа омода бошанд, ба эҳтироми шавҳару калонсолони хонадон бирасанд. Баъдан ҳадди аққал хонаро ба тартиб дароварда тавонанд, либосро дарзмол карда тавонанд, гарчанде ин корҳо дар аввал одӣ метобанд, аммо бояд духтарони ҷавони мо аз уҳдаи ин чизҳо баромада тавонанд. Яъне, агар  кордону солору боэҳтиром бошанд, хушбахт хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар кадом ҳолат  аз зан буданатон дар ҳаёт афсӯс хӯрдаед ва дар кадом маврид ифтихор кардаед?

Шоҳона Одиназода: Не, ҳаргиз нашудааст, ки ман аз зан буданам афсӯс хӯрда бошам, вале баръакс, лаҳзаҳои зиёде ҳастанд, ки аз зан буданам ифтихор дорам. Дар ин маврид як шеър ҳаст:

Ман занам, мавҷуди нозукпайкари оташниҳод,
Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам.

Ҳеҷ гоҳе бо таассуф бар забон н-овардаам,
Ки чаро аз ҷумлаи мардони майдон нестам…

 

София ШОИК,
АМИТ «ховар»

Март 8, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд