Новобаста ба омилҳои манфии берунӣ ва таъсири он ба шарикони тиҷоратии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодии ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуд

Март 18, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна рушди босуботи иқтисодии мамлакат аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷиҳати пешгирии таъсири эҳтимолии омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 ноябри соли 2018 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» тасдиқ гардида, иҷрои он аз ҷониби гурӯҳи кории доимоамалкунанда мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода мешавад.

Вақтҳои охир пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳиши қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони тиҷоратии ммалакат бетаъсир намонд.

Вобаста ба ин Нақшаи чорабиниҳои оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ ба иқтисоди миллӣ иборат аз якчанд тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Нақшаи мазкур чорабиниҳоро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии мавриди ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа пешбинӣ менамояд.

Дар ин раванд масъалаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус воридотивазкунанда ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, инчунин муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ карда истодаанд.

Масалан моҳҳои январ-феврали соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда (дар вазни зинда) 4357 тонна, тухм 150 млн. дона ва моҳӣ 484 тоннаро ташкил дода, мутаносибан гӯшти паранда 4,4 маротиба, тухм 1,5 маротиба ва моҳӣ 2,9 маротиба афзоиш ёфт. Инчунин истеҳсоли равғани растанӣ 20 фоиз афзоиш ёфта, 4,3 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 510,3 тонна, аз он помидор 357,3 тонна, бодиринг 65,9 тонна ва дигар намуди сабзавот 87,1 тоннаро ташкил намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои зиёди истеҳсоли молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал буда, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи пурраю самараноки онҳо, инчунин таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва кам кардани вобастагӣ аз омилҳои беруна тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Март 18, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд