Ҳавзаи интихоботии №64-и ноҳияи Фирдавсӣ: насли калонсол дар маъракаи овоздиҳӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи интихоботии № 64, участкаи №16-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ҷойгир аст, муаллимаи собиқадор Давлатмоҳ Ҳусейнова, ки ба синни 80 расидааст, бо рӯҳияи идона дар интихобот иштирок намуда, зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт: «имрӯз бояд ҳар нафар дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намояд. Зеро интихобот маъракаест пешбарандаи ҷамъият. Аз ин рӯ бояд ҳамаи шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми худро гузоранд».
Дар ҳавзаи интихоботии № 64, участкаи № 16-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт 4 ҳазору 796 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд. Аз инҳо 52 нафарашон шахсони 18-сола, 1985 нафар мард, 2811 нафар зан, 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 9 нафар маъюбон мебошанд.
Тавре раиси ҳавзаи интихоботии мазкур Саида Субатдорова иттилоъ дод, интихобот ба таври шаффоф баргузор гардида, мардум бо рӯҳияи баланд овози худро ба тарафдории шахси арзанда дода истодаанд. Номбурда зикр кард, ки насли калонсоли мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанд.
«Дар ҳавзаи мазкур тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми меъёрҳои муқарраргардида роҳандозӣ шудаанд. Мушоҳиди байналмилалӣ, ки намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, дар инҷо ҳузур дорад ва ҷараёни интихоботро назорат бурда истодааст. Ин маъракаи сиёсӣ дар фазои озод баргузор шуда, то соати 9:00 942 нафар дар интихобот иштирок намуда, ба номзади арзанда овоз доданд. Ин 20 фоизи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии № 64- ро дар бар мегирад».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






