Ба истифода додани фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Март 23, 2020 09:47

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд»-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати фермаи ширию молии мазкур 6 гектарро ташкил дода, дар ин ҷо зиёда аз 350 сар чорвои калони зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калон 120 сар ширдеҳ буда, аз ҳар сар солона 3 ҳазору 569 литр шир истеҳсол мегардад. Парвариши зоти сиëҳалои навъи тоҷикӣ ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ буда, маҳсулнокии ин зоти чорвои калон хеле зиëд мебошад.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон Пешвои миллат ҷиҳати афзун намудани саршумор ва хушзоткунии чорвои калон бо истифодаи захираву имконоти мавҷуда дастуру маслиҳати муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дорои 2178 гектар замин буда, аз ин шумора 213 гектар замини обӣ ва 136 гектарашро замини корами лалмӣ ташкил медиҳад. Дар ин хоҷагӣ ҳамасола бо вуҷуди захираи кофии хӯроки чорво майдони 1740 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, ки барои рушди соҳа заминаи боэътимод мегузорад. Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дорои техникаи кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат барои ҷамъоварии хӯроки чорво аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Ҳамкории чорводорон бо олимону мутахассисони соҳа дар сатҳи зарурӣ сурат гирифта, дар заминаи тавсияҳои илмӣ бо роҳи хушзоткунӣ маҳсулнокии чорвои калон ҳамасола афзун мегардад. Шири истеҳсолнамудаи фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба ду корхона саривақт дастрас ва аз он якчанд номгӯӣ маҳсулоти ширӣ омода карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти ширии истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ, ки дар фермаи ширию молии кооперативи Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақобатпазири ивазкунандаи воридот ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дар баробари рушди соҳаи чорводорӣ, инчунин дар самти боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳамасола ҳосили дилхоҳи меваю сабзавот мегиранд.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, аз ин шумора 26 нафар занону духтарон дар фермаи ширию молӣ фаъолият менамоянд.

Ба истифода додани фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии Бобоҷон Мақсуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23.03.2020

Март 23, 2020 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд