«Ба ояндаи миллат раъй додем», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврии Тоҷикистон давоми ҳафтаи сипаригардида муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва гуманитариро ба нашр расонид, ки натиҷагирӣ аз интихоботи парлумонӣ ва мубориза бо коронавирус муҳимтарини онҳо маҳсуб мешаванд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» маводи нашрнамудаи инҳафтаинаи матбуоти Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.
Нашрияи расмиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №44 (23 899) , 28 феврали соли 2020 аз раванди баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилояи муфассал нашр намудааст.
Дар иттилоия гуфта мешавад, ки маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа матраҳ гардиданд.
«Тавре таъкид гардид, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маводи хӯрокӣ тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешаванд», — навиштааст рӯзнома.
Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, ки тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад.
Дар ду шумораи рӯзҳои 2 ва 3 март нашргардидаи «Ҷумҳурият» оид ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва натиҷаҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ гузориш дода шудааст.
Рӯзнома бо истинод ба суханони Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода навиштааст: «Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд».
Дар натиҷаи овозҳои ҳисобгардида, навиштааст «Ҷумҳурият», — Ҳизби Аграрии Тоҷикистон бо 16,50% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо 5,10% 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15 % 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо 50,40% 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд.
Хонандагони рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доранд дар шумораҳои инҳафтаинаи он оид ба муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди назар — ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии мамлакат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор мутолиа намоянд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи 29 феврал (№27 -4133) нашрнамудааш оид ба ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум гузориш додааст.
Нашрия таҳти сарлавҳаи «Шукурҷон Зуҳуров: «Дар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум 497 қонун ба тасвиб расидааст» гузориши мухтасар ба чоп расонидааст.
Аз ҷумла, — навиштааст «Садои мардум», дар гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр гардид, ки дар давраи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум зимни 179 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон 2514 қарор қабул карда шуд. Дар 129 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон 795 санад, аз ҷумла, 497 қонун ба тасвиб расидааст.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», «Дар бораи таъмини иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои тандурустӣ ва меҳнат, ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф (соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2019 ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар шумораи №28-29 (4134-4135)-и 3 март нашршудаи «Садои мардум» хонандагон метавонанд гузориши муфассали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум (солҳои 2015 — 2020)-ро мутолиа намоянд.
Нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» №10 (4 марти соли 2020), маводи сершумореро оид ба баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешкаши хонандагон гардонд.
«Лидер нации Эмомали Рахмон принял участие в выборах депутатов Парламента и местных маджлисов народных депутатов», «ЦКВР объявил предварительные результаты выборов депутатов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан», «День, когда важен голос каждого!», «Государственный гимн в день выборов прозвучал по всей стране», «Рабочий день председателя избирательной участковой комиссии», «Сергей Лебедев: «Избиратели Таджикистана проявили большую активность» ва ғайра аз ҷумлаи маводе мебошанд, ки нашрия ба хонандагони худ пешниҳод намудааст.
Дар шумораи мазкур инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум нашр гардидаст.
«Народная газета» ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай маводи «Таджикистан в предвкушении главного праздника весны» ва «Навруз – праздник забав» -ро ба нашр расонидааст.
Инчунин дар шумораи навбатии рӯзнома мавод бахшида ба Рӯзи модарон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 75 –солагии ғалаба бар фашизм, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хориҷии мамлакат ба нашр расидаанд.
Дар шумораи навбатии (4 марти соли 2020, чоршанбе, №10 (1251)) нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» таҳти шиори «Ба ояндаи миллат раъй додем» маводи сершумори марбут ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷой дода шудаанд.
Нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» (№9 (598), аз 4 марти соли 2020) дар саҳифаи аввали худ зери сарлаҳаи «Интихобот – 2020: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мақоми аввал» оид ба натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ гузориш додааст.
Дар ин шумораи рӯзнома инчунин зери сарлавҳаи «Рушди фанҳои дақиқ — дурнамои устувори иқтисоди миллӣ» маводи таҳлилӣ ба нашр расидааст, ки ба қалами номзади илмҳои филологӣ Ҳақназар Каримзода тааллуқ дорад. Маводи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» омода ва нашр шудааст.
Аз ҷумла, дар оғози мақолаи мазкур мехонем:
— Гузашти марҳилаҳои гуногуни олами башарият, дар ҳама давру замон собит намудааст, ки мояи бузургдошти ҳар инсон, пеш аз ҳама, илму дониш, хираду маънавиёт ва заковати гиро мебошад. Маҳз илму маънавиёт ва фазилату тавонмандии асил аст, ки инсонро ба мартабаву ҷойгоҳи махсус расонида, амалкарди он метавонад ҳар яки моро ҷаҳоншумулу шуҳратёр гардонад. Тавзеҳи нуктаи мавриди назар ин аст, ки агар ба давраҳои омӯзиши масири паймудаи рӯзгордории инсоният дар муддати чанд садсолаи охир, дар риштаҳои илмию пажуҳишӣ ба таври воқеӣ назар афканем, пайдост, ки фанҳои дақиқу
табиатшиносӣ ва илмҳои марбут ба ин равия миёни миллати тоҷик мавқеъ ва ҷойгоҳи махсуси худро доро буданд. Аз ҷумла, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳон Берунӣ ва Умари Хайём барин садҳо фарзонафар-зандони миллати тоҷик, ҳамчун меъмори илмҳои дақиқу табиатшиносӣ эътироф шуда, бо осори гаронбаҳои нодири таҳқиқотиашон умри миллати моро ҳаёти ҷовидонӣ бахшиданд. Болотар аз ҳама, агар ба умқи таърих назар афканем, муайян мегардад, ки бештари олимони Ғарб беҳтарин дастоварди илмҳои дақиқро аз олами Шарқ гирифтаву дар ҳаёт татбиқ кардаанд. Вале дар ин радиф ифодаи мантиқии дигареро набояд фаромӯш созем, ки мегӯянд: агар ояндаро бихоҳӣ, ба гузашта назар намо…».
Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари даврии Тоҷикистон, аз қабили «Халқ овозӣ», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Бадахшон» «Ҳақиқати Суғд», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», «Чархи гардун», «Авиценна» ва ғайра оид ба муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди назар — ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии мамлакат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр намудаанд.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»