«БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД…». Сарояндаи маъруфи итолиёвӣ ба нишони таслият ба мардуми Италия ва Эрон, ки беш аз дигарон аз хурӯҷи коронавирус зарар дидаанд, сурудеро бар матни Саъдӣ замзама намуд

Март 27, 2020 14:58

ДУШАНБЕ, 27.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Сарояндаи маъруфи итолиёвӣ Киаро Попо сурудеро бар матни Саъдии Шерозӣ эҷод ва бо забони зебои тоҷикии форсӣ  замзама намуд, ки он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёд ва гармеро ба вуҷуд овардааст. Киаро дар шарҳи ин суруд навиштааст, ки онро ба нишони таслият ба мардуми Италия ва Эрон, ки беш аз дигарон яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё аз хурӯҷи коронавирус зарар дидаанд,  эҷод карда ва сурудааст.

Сарояндаи Италия Киаро Попо, ки бештар чун Киара(Chiara) машҳур аст, чанд сол муқаддам дар як консерти хайриявӣ бо номи «Заноне, ки месароянд» (Donne in cANTo)  ба хотири  кумак ба гирифторони бемории саратон ширкат намуда буд. Пасон дар як маъракаи хайриявии дигар, ки дар он  аз ҷавонон  барои иштироки фаъолона дар умури ҷомеа даъват мешуд, ширкат намуд.

Киаро Попо дар даст гитор ва бо чашмони маҳзун, бо лаҳни хеле зебои тоҷикии форсӣ чунин замзама мекунад:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гав
ҳаранд.
Чу узве ба дард оварад р
ӯзгор,
Дигар узв
ҳоро намонад қарор.
Ту к-аз ме
ҳнати дигарон бе ғамӣ,
Нашояд, ки номат ни
ҳанд одамӣ.

Дар омади сухан, ин мисраҳои ҷовидонии Саъдии Шерозӣ, ки ба рамзи ягонагии инсонҳо ва дӯстию ҳамраъйии миллатҳо бадал гардидаанд, дар девори бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорки Амрико ҳакокӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Саъдии Шерозӣ ҳанӯз дар қарни 13 консепсияи бадеии инсондӯстиро эҷод намуда ва низ бори аввал на танҳо дар назми оламгири классикии тоҷикии форсӣ, балки умуман дар таърихи тамаддуни башарӣ   истилоҳи «гуманизм» («одамият»)-ро офаридааст, ки дар мисраҳои болозикри ӯ таҷассум ёфтаанд.

Ёдрас мешавем, ки бо назардошти саҳми бузурги классики адабиёти тоҷику форс 21 апрел аз ҷониби ЮНЕСКО Рӯзи ёдкарди Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ эълон гардидааст.

 

Март 27, 2020 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон