Барои кӯдакон филми тасвирӣ оид ба пешгирии коронавирус таҳия шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дастгирии молиявии Фонди кӯдакон ЮНИСЕФ ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда оид ба бемории коронавирус барои кӯдакони аз 5-сола боло филми тасвирӣ манзур намудааст.
Тавре сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар суҳбат бо мо иброз намуд, ҳадафи асосии таҳияи филм ба кӯдакон нишон додани роҳҳои ҳифз ва риояи тозагӣ мебошад, то ки аз ин беморӣ эмин бошанд.
Мавсуф зикр намуд, ки тариқи ин филмҳо ба кӯдакон имконият дода мешавад, ки онҳо қоидаҳоеро, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Вазорати тандурустӣ ва ҳамчунин аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои пешгирии коронавирус пешкаш шудаанд, бо чашми худ бинанд ва дарк намоянд, ки риояи ин қоидаҳо ҳатмӣ аст. Дар баробари ин филм барои волидайн низ имкони хубест, то пас аз тамошои он ба кӯдакон фаҳмонанд, ки риояи қоидаҳои пешгирии коронавирус муҳим мебошад.
Бояд гуфт, ки филми мазкур ҳам дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳам дар шабакаи иҷтимоии YouTube бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ гузошта шудааст.
Ҳамчунин Вазорати тандурустии мамлакат низ таъкид менамояд, ки бо риоя намудани қоидаҳое, ки дар видеои мазкур оварда шудаанд, метавонем худ ва наздиконамонро аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус эмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки видеои мазкурро тамошо карда, тибқи қоидаҳои дар он зикршуда амал намоянду худ ва наздиконашонро аз гирифтор шудан ба коронавирус эмин нигоҳ доранд.








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






