Бинобар сабаби авҷи коронавирус мусобиқаи Гран Прии Работ дар Марокаш доир намешавад
ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии дзюдо бо изҳори таассуф иттилоъ додааст, ки бинобар сабаби авҷи вируси корона дар ҷаҳон мусобиқаи Гран Прии Работ дар Марокаш доир намешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Баргузории мусобиқаи мазкур 6-8 март ба нақша гирифта шуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Марокаш дар бораи барҳам додани ҳамаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, намоишҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ қарор қабул кардааст.
«Мо аз ҳамаи шахсони манфиатдор, аз ҷумла варзишгарон ва ҳайатҳои расмии давлатҳо барои пеш омадани ҳолати ногаҳонӣ узр мепурсем», — омадааст дар сомонаи расмии Федаратсияи байналмилалии дзюдо.
Хотиррасон мешавем, ки дар Марокаш 1 ҳолати гирифторӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Барои иштирок дар Гран Прии Работ, аз ҷумла дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар номнавис шуда буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






