Бонувон дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ пешсафанд-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ ба шарафи Рӯзи Модар дар Бадахшон

Март 5, 2020 16:49

ХОРУҒ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он занони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат доштанд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов бонувонро бо ин иди пуршараф табрик намуда, изҳор дошт, ки “имрӯз нақши  бонувон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф, фарҳангу тандурустӣ ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат  бағоят бузург аст.

Мушоҳидаҳои солҳои охир шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳар идораву муассисаи давлатию ҷамъиятӣ агар зан роҳбар бошад, дар он ҷо тартибу низом, покизагию озодагӣ ва қонуну адолат риоя карда мешавад. Ҳоло теъдоди хизматчиёни  давлатӣ дар вилоят  733 нафарро ташкил медиҳад, ки 28 фоизи онҳо занонанд. Аз 270 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар мансаби роҳбарикунанда фаъолият доранд, 65 нафарашон бонувон мебошанд. Дар интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ки ҳафтае пеш баргузор шуд, 22 нафар бонувон ба вакилӣ интихоб шуданд, ки назар ба як соли пеш  теъдодашон як баробар зиёд аст. Ин аз заҳмату талош ва хизмати шоистаашон барои ҷомеа шаҳодат медиҳад”.

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақом ва мартабаи зан- модар баҳои баланд дода, барои ҳарчи бештар ба таҳсил ва кор ҷалб намудани ҷавондухтарон ва занони хонашин супоришҳои ҷиддӣ доданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тамоми имконияту захираҳояшонро истифода мебарад, то дастуру супоришҳои Сарвари давлатро иҷро намояд.

Як гурӯҳ бонувон барои фаъолияти софдилонаву пурсамар ва саҳми арзишманд дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят бо Ифтихорномаи раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба чанд нафар аз хабарнигорони  воситаҳои ахбори омма медали ҷашнии “Садсолагии матбуоти тоҷик” ва ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим шуд.

Маҷлиси тантанавӣ бо  барномаи адабӣ-мусиқии «Модар фаришта аст», ки онро ҳунармандони театри вилоятӣ таҳия намудаанд, ба поён расид.

Март 5, 2020 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»