Брифинг дар Душанбе: «Андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус ягона роҳи дуруст баҳри таъмини саломатии мардум аст»
ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. «То имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва вазъият таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Мардум, ба иғвогариҳо дода нашавед! Омода намудани ҷомеаи Тоҷикистон, андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус ягона роҳи дуруст баҳри таъмини саломатии мардум аст».
Ин матлабро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода зимни баргузории брифинг иброз дошт. Брифинги мазкур вобаста ба овозаҳои беасоси рӯзҳои охир дар бораи коронавирус паҳн гаштаву аҳолии мамлакатро ба таҳлука овардаанд, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
«Имрӯз аз ҷониби Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ чорабиниҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус ба роҳ монда шудаанд. Он иғвоҳое, ки тавассути як зумра шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида дар сайтҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, ягон асос надоранд ва мардум ба ин иғвогариҳо бояд дода нашаванд. Аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ дар нуқтаҳои фурӯш корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуда, нархи маводи хӯрокӣ таҳти назорат қарор дода мешавад»,- гуфт Мирҳамуддин Камолзода.
Ҳамчунин муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихони Ҷамшед иброз дошт, ки «ягона роҳи дуруст имрӯз омода намудани ҷомеаи Тоҷикистон ба пешгирии ин беморӣ мебошад. Зеро ҳеҷ кас кафолати наомадани вирусро дода наметавонад. Давлатҳое, ки то андозае берун аз ин беморӣ қарор доранд, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд».
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонмандии пурраи таъмин намудани аҳолии худро бо тамоми намуди маҳсулоти ғизоӣ давоми ду солро дорад. Танҳо дар Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи дусолаи ғизо барои нуҳуним миллион аҳолӣ мавҷуд аст».
Ба зикри Мирҳамуддин Камолзода, ҳоло ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин маводи хӯрокӣ ворид намегардад. Қисмати зиёди аҳолӣ аз маводи хӯрокии дохилӣ, яъне ватанӣ истифода мебарад. Ҳоло дар ин самт ягон ҷои нигаронӣ мавҷуд нест ва шаҳрвандон ба ҳар гуна гапҳои нодуруст бояд бовар накунанд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






