Брифинг дар Душанбе: «Андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус ягона роҳи дуруст баҳри таъмини саломатии мардум аст»

Март 5, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. «То имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва вазъият таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Мардум, ба иғвогариҳо дода нашавед! Омода намудани ҷомеаи Тоҷикистон, андешидани тадбирҳо оид ба   пешгирии сирояти коронавирус ягона роҳи дуруст баҳри таъмини саломатии мардум аст».

Ин матлабро  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода зимни баргузории брифинг  иброз дошт. Брифинги мазкур  вобаста ба  овозаҳои беасоси  рӯзҳои охир  дар бораи коронавирус паҳн гаштаву  аҳолии мамлакатро ба таҳлука овардаанд,  имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

«Имрӯз аз ҷониби Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва дигар сохторҳои давлатӣ чорабиниҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус ба роҳ монда шудаанд. Он иғвоҳое, ки  тавассути як зумра шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида дар сайтҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, ягон асос надоранд ва мардум ба ин иғвогариҳо бояд дода нашаванд.  Аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ дар нуқтаҳои фурӯш корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуда, нархи маводи хӯрокӣ таҳти назорат қарор дода мешавад»,- гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Ҳамчунин муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Шодихони Ҷамшед иброз дошт, ки «ягона роҳи дуруст имрӯз омода намудани ҷомеаи Тоҷикистон ба пешгирии ин беморӣ мебошад. Зеро ҳеҷ кас кафолати наомадани вирусро дода наметавонад. Давлатҳое, ки то андозае берун аз ин беморӣ қарор доранд, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд».

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонмандии пурраи таъмин намудани аҳолии худро бо тамоми  намуди маҳсулоти ғизоӣ давоми ду солро дорад. Танҳо  дар Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи дусолаи ғизо барои нуҳуним миллион аҳолӣ мавҷуд аст».

Ба зикри Мирҳамуддин Камолзода, ҳоло ба Тоҷикистон  аз Ҷумҳурии Мардумии Чин маводи хӯрокӣ ворид намегардад. Қисмати зиёди аҳолӣ аз маводи хӯрокии дохилӣ, яъне ватанӣ истифода мебарад. Ҳоло дар ин самт ягон ҷои нигаронӣ мавҷуд нест ва  шаҳрвандон ба ҳар гуна гапҳои нодуруст бояд бовар накунанд.

Март 5, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»