COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 104 нафар ва дар фазои Иттиҳод ба 2499 кас расид

Март 28, 2020 10:55

ДУШАНБЕ, 28.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон 16 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 ошкор гардид ва шумораи умумии онҳо дар ин давлат ба 104 нафар расид. Ҳамчунин дар ин давлат як ҳолати дигари фавт ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо ба ду нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати 28 март шумораи гирифторони коронавирус дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 2499 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар Россия 1036 ҳолат, Арманистон – 329, Украина – 310, Қазоқистон – 204, Молдова – 199, Озарбойҷон – 165, Ӯзбекистон – 104, Беларус – 94 ва Қирғизистон – 58 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар баъзе аз ин давлатҳо шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 45 нафар, Беларус — 32, Арманистон – 28, Озарбойҷон – 15, Қазоқистон – 13, Ӯзбекистон – 5, Украина – 5 ва Молдова – 2 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Россия 4 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Украина – 5, Озарбойҷон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2, Арманистон – 1 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 110 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 597 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 27 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 133 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 23 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз АИ «UzReport»

Март 28, 2020 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон