COVID-19. Дар Осиёи Марказӣ ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

Март 27, 2020 11:53

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 27 март шумораи шахсони мубтало ба коронавирус дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 251 ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 2001 нафар расид. Ғайр аз он, ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як зани 64-сола дар Қазоқистон ва як зани 72-сола дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар байни давлатҳои ИДМ шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ бо навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба қайд гирифта шуда, ба  840 нафар расидааст. Пас аз он Арманистон қарор дорад, ки дар он ҷо 329 ҳолат ошкор гардидааст. Дар ҷои сеюм Украина буда, 196 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд.

Дар дигар давлатҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Молдова 177 ҳолати сироятёбӣ, Қазоқистон — 124, Озарбойҷон — 122, Беларус — 86, Ӯзбекистон — 83 ва Қирғизистон – 44 ҳолат тасдиқ шудаанд.

Дар баъзе аз ин давлатҳо инчунин шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 41 нафар, Беларус — 29, Арманистон — 18, Озарбойҷон — 15, Ӯзбекистон – 5, Молдова — 2, Қазоқистон — 2 ва Украина — 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштаанд.

Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 3, Молдова – 1, Қазоқистон -1, Ӯзбекистон — 1 ва Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Инчунин дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 84 нафар расид, ки ду нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 давлат ва ҳудуде, ки дар онҳо сироят ба қайд гирифта шудааст, гузориш медиҳад.

Дар ҷаҳон беш аз 532 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 24 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 124 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 19 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз АБИ «Казинформ»

Март 27, 2020 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон