COVID-19: то имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз 165 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд

Март 31, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар саросари ҷаҳон теъдоди мубталоён ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 785 ҳазор нафар расида, шумораи шифоёфтагон аз 165 ҳазор кас ва фавтидагон аз 37 ҳазор тан гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 31 март дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 1836 ҳолат, Украина – 548, Арманистон – 482, Қазоқистон – 325, Молдова – 298, Озарбойҷон – 273, Беларус – 152, Ӯзбекистон – 150 ва Қирғизистон — 94 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид..

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 66 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Озарбойҷон — 26,  Қазоқистон — 21, Молдова — 15, Украина – 8, Ӯзбекистон – 7 ва  Қирғизистон – 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 9 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус, Украина – 13, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 170 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 164 253 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 101 739 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 11 591 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 87 956 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Чин — 81 518, Германия — 66 885, Франсия — 44 550, Эрон — 41 495, Британияи Кабир — 22 141, Швейтсария — 15 922, Белгия – 11 899,  Нидерланд – 11 750,  Туркия – 10 827, Кореяи Ҷанубӣ — 9 786, Австрия – 9 618 ва Канада – 7 474 ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи зиёди беморон дар Чин — 76 052 нафар, Испания — 16 780, Италия — 14 620, Эрон — 13 911, Германия — 13 500, Франсия — 7 927, ИМА — 5 506, Кореяи Ҷанубӣ — 5 408, Швейтсария — 1 823 ва Белгия — 1 527 нафар шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (11 591 нафар), Испания (7 716), Чин (3 305), ИМА (3 165), Франсия (3 024), Эрон (2 757), Британияи Кабир (1 408), Недерланд (864), Германия (645) ва Белгия (513) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз REUTERS / China Daily

Март 31, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»