COVID-19: то имрӯз дар саросари ҷаҳон тақрибан 96 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар саросари ҷаҳон теъдоди мубталоён ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 300 ҳазор нафар расида, шумораи фавтидагон аз 13 ҳазор нафар гузашт. 22 март афзоиши назарраси шумораи онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, мушоҳида шуда, тақрибан 96 ҳазор нафарро ташкил дод. Субҳи 21 март ин рақам беш аз 91 ҳазор нафар буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Ба ҳолати субҳи 22 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ) ба 834 нафар расид. Аз ҷумла дар Россия 306 нафар, дар Арманистон – 160, дар Молдова – 80, дар Беларус – 76, дар Қазоқистон – 56, дар Озарбойҷон – 53, дар Украина – 47, дар Ӯзбекистон – 42 ва дар Қирғизистон – 14 нафар ба қайд гирифта шуд.
Қаблан шумораи мубталоён дар Россия 253 нафар, дар Арманистон – 136, дар Молдова – 66, дар Беларус – 69, дар Қазоқистон – 52, дар Озарбойҷон – 44, дар Украина – 41, дар Ӯзбекистон – 33 ва дар Қирғизистон – 6 нафар буд.
То имрӯз дар Россия 16 нафар, дар Беларус — 15, дар Озарбойҷон – 11, ва дар Арманистону Молдова ва Украина 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб гардиданд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатӣ фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир — 24 нафар буда, аз миёни онҳо 1 кас аз беморхона ҷавоб шудааст.
Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар 81 ҳазору 54 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд коҳиши ҳолатҳои нав мушоҳида мешавад. Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои дуюм буда, дар он 53 578 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 4 825 нафарро ташкил медиҳад.
ИМА аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷои сеюм буда, дар он 26 888 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 25 496, Германия — 22 364, Эрон — 20 610, Франсия — 14 459, Кореяи Ҷанубӣ — 8 897, Швейтсария — 6 863 ва Британияи Кабир — 5 018 ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 185 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавируси нави COVID-19 охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри марказии сераҳолии Чин – Вуҳани 12-миллиона ба қайд гирифта шуд. 11 март СУТ онро пандемия эълон кард.
АКС аз РБК








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






