COVID-19: то имрӯз дар саросари ҷаҳон тақрибан 96 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд

Март 22, 2020 10:52

ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар саросари ҷаҳон теъдоди мубталоён ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 300 ҳазор нафар расида, шумораи фавтидагон аз 13 ҳазор нафар гузашт. 22 март афзоиши назарраси шумораи онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, мушоҳида шуда, тақрибан 96 ҳазор нафарро ташкил дод. Субҳи 21 март ин рақам беш аз 91 ҳазор нафар буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 22 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ) ба 834 нафар расид. Аз ҷумла дар  Россия 306 нафар, дар Арманистон – 160, дар Молдова – 80, дар Беларус – 76, дар Қазоқистон – 56, дар Озарбойҷон – 53, дар Украина – 47, дар Ӯзбекистон – 42 ва дар Қирғизистон – 14 нафар ба қайд гирифта шуд.

Қаблан шумораи мубталоён дар Россия 253 нафар, дар Арманистон – 136, дар Молдова – 66, дар Беларус – 69, дар Қазоқистон – 52, дар Озарбойҷон – 44, дар Украина – 41, дар Ӯзбекистон – 33 ва дар Қирғизистон – 6 нафар буд.

То имрӯз дар Россия 16 нафар, дар Беларус — 15, дар Озарбойҷон – 11, ва дар Арманистону Молдова ва Украина 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб гардиданд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатӣ фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир — 24 нафар буда, аз миёни онҳо 1 кас аз беморхона ҷавоб шудааст.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар 81 ҳазору 54 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд коҳиши ҳолатҳои нав мушоҳида мешавад. Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои дуюм буда, дар он 53 578 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 4 825 нафарро ташкил медиҳад.

ИМА аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷои сеюм буда, дар он 26 888 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 25 496, Германия — 22 364, Эрон — 20 610, Франсия — 14 459, Кореяи Ҷанубӣ — 8 897, Швейтсария — 6 863 ва Британияи Кабир — 5 018 ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 185 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавируси нави COVID-19 охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри марказии сераҳолии Чин – Вуҳани 12-миллиона ба қайд гирифта шуд. 11 март СУТ онро пандемия эълон кард.

АКС аз РБК

Март 22, 2020 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо: «Дурӯягӣ ва бетарафию бепарвоӣ накунед, намунаи ибрат бошед, зеро мардум ба шумо мувофиқи рафтору гуфторатон баҳо медиҳанд»
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»