Дабири кулли СММ аз тамоми кишварҳо даъват намуд, ки дар мубориза алайҳи пандемияи коронавирус тамоми қувваро сафарбар намоянд

Март 13, 2020 12:05

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири  кулли СММ Антонио Гуттериш аз тамоми кишварҳо даъват ба амал овард, ки фавран муқовимат  алайҳи коронавирусро пурзӯр намоянд. Дар ин бора ӯ рӯзи чоршанбе вобаста ба эълон намудани СУТ оид ба вазъияти пандемияи  COVID-19 изҳорот  интишор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

«Ман ҳамаи давлатҳоро  даъват менамоям, ки ба таври оҷил тамоми саъю кӯшиши худро дар ин роҳ сафарбар намоянд,- зикр намуд ӯ. Азбаски ин буҳрон ба ҳама асар менамояд, ҳар шахс бояд дар он саҳм гузорад».

Далелҳои дақиқи илмӣ шоҳиди онанд, ки агар давлатҳо ин бемориро ошкор кунанд, санҷанд, муолиҷа намоянд ва  маризонро ҷудо сохта, зери  назорат гиранд, паҳншавии онро метавон пешгирӣ  намуд»,- гуфт дабири кулл.

Хурӯҷи бемории коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар Ухан ба қайд гирифта шуда буд. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ онро пандемия эълон кард. Берун аз ҶМЧ  дар Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон сирояти аз ҳама бештар мавҷуд аст. Ҳолатҳои сироятёбӣ  дар 100 кишвар, аз ҷумла дар Россия  маълум шудаанд.

Март 13, 2020 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон