Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзи Аҷамро бо ҷаласаи идона ва намоиши либосҳои миллӣ таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи идона ва озмуни намоиши либосҳои миллӣ таҷлил гардид.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зикр кард, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст.
Зикр шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар баробари ҷашни Истиқлолият муҳимтарин ҷашни миллии мо эълон шуда, ҳамасола бо шаҳомати хос дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳамчунин моҳи феврали соли 2010 бо кӯшиш ва ташаббуси Пешвои миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ин ҷашни фархунда ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфта, акнун дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад.
Гуфта шуд, ки ҳар ҷашну маросими мардумӣ ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан дар айёми Наврӯз, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад, баргузории ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Таҷлили Наврӯз дар Бонки миллӣ бо баргузории озмуни намоиши либосҳои миллӣ анҷом ёфт, ки дар он кормандбонувон либосҳои миллӣ ва анъанавии мардуми тоҷик- атлас, адрас ва чаканро ба намоиш гузоштанд.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






