Дар Чин хуруҷи коронавирус торафт кам мегардад, аммо дар кишварҳои дигар паҳншавии ин беморӣ идома дорад

Март 3, 2020 11:13

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин шумораи ҳолатҳои нави коронавирус коҳиш меёбад, -дар давоми як шабонарӯзи охир дар кишварҳои дигар нисбат ба худи Чин, ки эпидемия охири соли гузашта онҷо оғоз ёфта буд, 9 маротиба зиёдтар тасдиқ гаштааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  дар Женева роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Тердрос Адханом Гебрейесус изҳор намуд. Тибқи гуфтаи ӯ, давоми ду рӯзи охир дар Чин танҳо 206 ҳолати нави беморӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин ҳашттояш берун аз ҳудуди Хубей мебошанд, ки он  маркази коронавируси нав  аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

Вале дар ҷаҳон  паҳншавии вирус  тавсеа меёбад:  мувофиқи маълумоти рӯзи душанбе, дар 61 давлат  8 739 ҳолати сироёятшавӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он  127  нафар фавтидаанд.  «Вазъи изтиробангез бештар дар Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Эрон ва Япония  ба чашм мерасад», — таъкид сохт доктор Тедрос.

Ӯ гуфт, ки гурӯҳи коршиносони  СУТ  имрӯз вориди Теҳрон шуданд. Онҳо лавозимоти гуногуни тиббӣ, аз ҷумла  маводи лабораториро, ки барои муайян кардани коронавирус заруранд, бо худ оварданд. Ба ҷуз ин, коршиносон ба ҳукумати Эрон дар муқовимат бо коронавирус  кумаки техникӣ мерасонанд. Доктор Тедрос  ҳамчунин дар бораи сирояти як нафар корманди СУТ дар ин кишвар хабар дод.

Дар Кореяи Ҷанубӣ шумораи касони сироятшуда ба 4200 нафар расида, аз он 22 нафараш ба ҳалокат расидаанд. Бо вуҷуди ин, духтурон ба он назари нек доранд, ки тамоми ашхоси сироятшуда дар  панҷ  ноҳия мутамарказ шуда, дар минтақаҳои дигар паҳншавии он маҳдуд аст.

«Ин хеле муҳим аст, — гуфт роҳбари СУТ, чунин ҳолат шаҳодати он аст, ки чораҳои эпидемиологӣ муваффақанд. (…) Маълумоти дақиқ  оид ба эпидемия- ин нахустин қадами  пирӯзӣ  бар беморӣ аст».

Роҳбари СУТ гуфт, ки  ҷомеаи тиббӣ  бо як вазъияти  гӯшношунид сарукор дорад: сироятшавӣ бо роҳи нафас, ки аз одам ба одам мегузарад, одатан пешгирӣ намудани он ғайриимкон аст».

«Агар гап сари эпидемияи зуком мерафт, он аллакай тамоми дунёро фаро мегирифт ва ҳеҷ  иқтидоре пеши роҳашро  гирифта наметавонист»,- зикр намуд ӯ.

Вале имкони пешгирӣ намудани  коронавируси нав вуҷуд дорад ва тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бояд инро дар қатори авлавиятҳои худ ҷой диҳанд, ақидаронӣ мекунад доктор Тедрос.

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  ҳанӯз  ҳам омода нест, ки паҳншавии COVID19  -ро пандемия номад:  аз 88 913 ҳолат 90 фоизи он  ба Чин рост меояд, ки ин  ба меъёрҳои пандемия  ҷавобгӯ нест.  Дар 130 кишвар то ҳол  ягон ҳолати беморӣ  тасдиқ нашудааст.

Айни ҳол, бо мақсади пешгирии беморӣ, СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ  шакли чорабиниҳои оммавиро  ба хотири  маҳдуд кардани  паҳншавии сироят таҷдиди назар мекунанд.

Ҳамин тавр, чорабинии бузургтарини солона дар СММ –ҷаласаи  комиссия оид ба вазъи занон, ки одатан ҳазорҳо вакилро ҷамъ месозад, дар шакли кӯтоҳ, бо ширкати  номояндагиҳои доимии кишварҳои аъзои Созмон баргузор мешавад.  Тамоми амалҳои «саҳроӣ»  бекор гардиданд.

 ДАР АКС: шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандони Ню-Йорк ба берун бо ниқоби тиббӣ баромаданро авлотар медонанд. 1  март  дар бораи нахустин  ҳолати беморӣ  дар шаҳр  маълум шуд.  Акси СММ / Л.Фелипе  

Март 3, 2020 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»