Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир ба хатар ва роҳҳои пешгирии коронавирус конфронси илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ба муҳассилин додани иттилои бештар оид ба бемории сироятии коронавирус дар мавзӯи «Хатари коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ» конференсияи илмӣ доир гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ Ховар дар вилояти Суғд аз шуъбаи кор бо ВАО-и донишгоҳ хабар доданд, дар кори конфронс намояндагон аз раёсати тандурустии вилоят, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Мудири кафедраи тиббӣ-биологии донишгоҳ Мақсадой Обидова ва мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова доир ба хусусиятҳои ин бемории сироятӣ иттилои пурра дода, зикр дошт, ки номи ин вирус бо сохтори он алоқаманд буда, изофаҳои хорчамонанд дорад, ки ба тоҷ (корона) монанданд.
Инчунин доир ба нишонаҳои коронавирус, роҳҳои сироятёбӣ ва одитарини ҳифз аз он маълумоти муфассал дода шуд.
Зикр гардид, ки яке аз амалҳои аввалиндараҷаи ҳимоя- ин тез-тез шустани дастон бо собун буда, ҳангоми сулфа ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ва оринҷро қат карда пӯшонидан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқоби яккарата истифода бояд бурд.
Гуфта шуд, ки коронавирус охири соли гузашта дар Ҷумҳурии Чин хурӯҷ намуда, то имрӯз дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 85,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,8 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.









Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






