Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модарро таҷлил карданд

Март 7, 2020 08:49

ДУШАНБЕ, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона  баргузор гардид.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии  АМИТ “Ховар”  маҳфили идонаро Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.

Зикр шуд, ки воқеан ҳам Рӯзи Модар, ки бо Фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос пазироӣ мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳамасола бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимии мамлакат заҳмати устодони соҳибхиради донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ қадр мешаванд. Аз ҷумла, соли 2019 аз 8 нафар гирандагони мукофоти давлатӣ дар донишгоҳ 3 нафар профессорон бо медалҳои «Хидмати шоиста», як нафар бо Ҷойизаи байнамилалии Озарбойҷон ва як нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷиҳати пиёда намудани сиёсати Пешвои миллат, хосатан дар самти баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои муҳими амалиро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки аксари занону бонувон дар факултетҳо, кафедраҳо ва марказҳои илмӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ қарор дошта, дар пешбурди кори донишгоҳ фаъолияти назаррас доранд.

Март 7, 2020 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид