Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисосҳои нави «WEB-журналистика» ва «PR-робита бо ҷомеа» кушода шуданд

Март 5, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли таҳсили 2020-2021 бо ихтисосҳои «WEB-журналистика» ва «PR-робита бо ҷомеа» довталабон ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон қабул карда мешаванд, ки ин иқдом ба пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.

Дар ин бора  Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ    дар конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки  имрӯз бахшида ба 108-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар донишкадаи  мазкур  таҳти унвони «Нақши  WEB-журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо»  баргузор гардид, изҳор дошт.

Тавре  аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар  конфронс намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Ректори Донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки  имрӯз воситаҳои ахбори оммаи электронӣ барои мардум  аз ҳама бештар дастрас мебошанд. Таваҷҷуҳ ба интернет рӯз ба рӯз  афзуда, технологияҳои иттилоотӣ бо суръати тез пеш мераванд. Вобаста ба ин, дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди воситаҳои ахбори оммаи электронии тоҷик пойдевори мустаҳкам гузошта шуд. Барои мисол, метавон гуфт, ки агар дар соҳаи телевизион то соҳибистиқлолӣ танҳо як телевизион бо номи «Тоҷикистон» амал мекард, баъди касби  истиқлолият дар шаҳру навоҳии мамлакат 31 телевизиони ғайридавлатӣ ва 7 телевизиони нави давлатии соҳавӣ фаъолият мекунанд.

Номбурда ҳамчунин атрофи сифати барномаҳои телевизионӣ зикр намуд, ки агар барномаи ба тамошобин пешниҳодшуда пурмуҳтаво ва ҷолиб бошад, мардум ба ҳеҷ ваҷҳ барномаи ғайрикасбӣ тамошо намекунанд. Аз ин рӯ, касбият дар телевизион масъалаи рақами як ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин ва талаботи замон мебояд, ки ба сифати тарбияи кадрҳои соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.

«Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси журналист мутахассис тайёр карда мешавад. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият менамояд, ки дар тарбияи журналистони воситаҳои ахбори электронӣ саҳми фаъол дорад.»,-гуфт Муҳриддин Низомӣ.

Декани факултети режиссура, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Зулфиддин Муъминҷонов дар  мавзӯи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ  дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф карда, гуфт, ки «аз ҷиҳати технология телевизионҳои давлатӣ пурра ба формати HD, яъне рақамӣ гузашта,  сифати пахши онҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ гаштааст. Технологияҳои иттилоотии замони муосир дар ҷомеаи иттилоотӣ, пеш аз ҳама, ба муносибатҳо ва ниҳодҳои сиёсӣ таъсири амиқ расонда, шаклҳои зоҳиршавии сиёсиро дигаргун  месозанд. Дар чунин шароит роҳу усулҳои таъсиррасон ба афкори ҷамъиятӣ  фароҳам меоянд. Иттилоот ҳамчун манбаи асосии ҷомеаи иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад».

Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Нақши  WEB-журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо»  дар ду бахш- «Нақши технологияи муосири иттилоотӣ дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» ва «Фарҳанги касбии истифодаи жанрҳои журналистика дар воситаҳои ахбори оммаи электронӣ» ҷараён гирифта, дар он 25 маърӯзаи илмӣ матраҳ гардиданд.

 

 

Март 5, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид