Дар Душанбе Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» барои шаҳрвандони корҷӯ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба рушди неруи инсонӣ, роҳҳои тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмини ҷойҳои нави корӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи намунавии глобалӣ «Модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонони осебпазир» роҳандозӣ гардидааст.
Модели шуғли фосилавӣ — «Impact Sourcing» як шакли нави шуғл буда, ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз бинои истеҳсолии корфармо тавассути технологияҳои иттилоотӣ дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз вақти корӣ роҳандозӣ намояд.
Ҳадафи ба роҳ мондани фаъолияти Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» барои ҷавонон қадами нахустин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қишри осебпазири ҷомеа буда, дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд.
Зеро ин раванд ба манфиати корфармо ва шаҳрвандони корҷӯ созгор мебошад.
Тадқиқоти кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Беларусу Қазоқистон нишон медиҳад, ки зимни омӯзиш дар марказҳои пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» дар се сол то 8120 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ соҳиби малакаи касбӣ мегарданд. Ин омор метавонад бо тавсеаи минбаъдаи корхона дар соли дуюм ду баробар афзоиш ёбад.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва бахши хусусӣ тасмим гирифтаанд, ки ташаббуси Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ»-ро барои ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ марҳала ба марҳала ҷорӣ намоянд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






