Дар Фархор ҳангоми таҷлили иди Наврӯз ба 11 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ супорида шуд
ФАРХОР, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи ноҳияи Фархор барномаи идонаи фарҳангӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ, Раиси ноҳия Рустам Раҳматзода ва дигар фаъолону меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои наврӯзӣ, аз ҷумла, далда, суманак, оши буридаву туппа, ширбиринҷ, маҳсулоти нонӣ ва ғайраҳо, инчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Рустам Раҳматзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки ҷашни Наврӯз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардида, онро дар баробари тоҷикон дигар қавму миллатҳо низ ҷашн мегиранд. Дар ин фасл деҳқонон ба саҳро баромада, бо умеди зиёд дона мепошанд, то ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Дар ин айём ҳар як шахс кинаву адоватро бояд дур сохта, ба атрофиён хушҳоливу хушрӯзӣ тамано намояд.
Дар ҷараёни барномаи идона аз ҷониби бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия бо ташаббуси мудири бахш Нилуфар Мирзоева ба 11 ҷуфт арӯсу домоди навхонадор аз оилаҳои эҳтиёҷманд аз ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти «Гулшан», «Ғайрат», «Деҳқонариқ», «Зафар», «Дарқад», «Ватан», «Ғалаба» ва «20-солагии Тоҷикистон» шаҳодатномаҳои ақди никоҳ супорида, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Инчунин ба 8 кӯдаки навзод аз оилаҳои камбизоат ва як нафар зане, ки сегоник ба дунё овардааст, шаҳодатнома ба таври ройгон тақдим карда шуд.
Ҳамзамон дар рӯзи Наврӯз аз ҷониби ҶДММ «Д-Элемент», ки ба соҳибкори ҷавон Насим Додиев тааллуқ дорад, фабрикаи парандапарварӣ, ки маблағи умумии он 8 миллиону 467 ҳазору 427 сомониро дар бар мегирад, ба истифода дода шуд. Дар фабрика 15 ҳазор мурғ мавҷуд буда, дар як рӯз 12 ҳазор тухм истеҳсол ва дар ноҳияю берун аз он ба фурӯш бароварда мешаванд. Айни ҳол дар корхона 12 нафар бо ҷои таъмин гардида, масъулин тасмим гирифтаанд, ки дар оянда шумораи коргаронро дар фабрика бештар намоянд.
То ҷашни Наврӯз дар ноҳия 48 иншоот, аз ҷумла, 5 ассотсиатсияи истифодабарандгони оби ҷамоатҳои деҳот, 39,7 километр роҳҳо, чароғонкунии кӯчаю маҳаллаҳо, насби 6 адад трансформатори барқӣ ва дигар иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар хатми барнома санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо савту навои дилошӯб хотири ҳозиронро болида гардониданд.










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






