Дар Хатлон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баргузор гардид

Март 31, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо намоишгоҳи оростаи намояндагони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар намоишгоҳ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва намояндагони кумитаи тадорукот, вазорату идораҳо ва ҳунармандон ширкат доштанд.

Бино ба иттилои манбаъ, то 27 март дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 794 ҳазору 597 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, 10 миллион бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 2 миллиону 663 ҳазору 655 адад лола, 1 миллиону 229 ҳазору 985 бех садбарг ва қариб 6 миллион бех анвои дигари гулҳо шинонида, дар масоҳати 256 ҳазору 546 метри мураббаъ кишти майсаи ҳамешасабз гузаронида шуд.

Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат як падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Асосан гули лола  ва Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари  ватани наврӯзии тоҷикон буда, як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.

Гули лола асосан дар кишварҳои баҳри Миёназамин то Шарқи Дур ва Япония, аз Шветсия то Амери­каи Шимолӣ мерӯяд. Дар дунё 140 намуди лола мерӯяд, ки 83 намуди он дар Осиёи Миёна, Қазоқистон, Кавказ, Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Украина ва ғайра паҳн шудааст. Дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон 66 намуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 намуди онро вомехӯрем.

Ба тавсияи гулпарварон пиёзаки лоларо тирамох 1,5 ё 2 моҳ пеш аз ях кардани хок мешинонанд, ки он  то оғози зимистон реша меку­над. Қитъаи кишт бояд офтобрӯя ва шамолнорас бошад. Барои нашъунамои хуби лола регхоки сабуки аз моддаҳои органикию пӯсидаҳо бой лозим аст. Пиёзаки онро дар чуқурии 40—45 см вобаста ба ҳаҷми пиёзак мешинонанд. Он дар моҳҳои апрел-май дар саросари мамлакатҳо, бахусус дар Осиёи Миёна гул мекунад ва ҳамагӣ 100 рӯз умр мебинад. Наврустаи гули лола аз сармои баҳор зарар намебинад. Лола ба сармои —15—18°  тоб меоварад.

Дар Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои доманакӯҳ лолаи худрӯй мерӯяд. Он аз лолаи парваришнамуда фарқ мекунад ва одию нозук мешавад.  Ин намуди лола хоси ноҳияҳои тобистонашон гарми хушк ва баҳору тирамоҳашон камбориш аст. Он дар нимбиёбону биёбон, дашт, буттазор, ҳамворию доманакӯҳ, дар минтақаҳои поёнию миёна ва болоии кӯҳ, ҳатто дар наздикии пиряхҳо мерӯяд. Лола хеле хуб тухм мебандад, ки тирамоҳ пухта аз ғӯза мерезад ва баҳори соли оянда месабзад.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат дар баробари инкишоф ва густариши илмҳои дақиқ ва риёзӣ ба илми табиатшиносӣ низ таваҷҷуҳ бояд  зоҳир намуд. Баргузории озмуни гулҳо- «Сайри гули лола» дар мамлакат ба густариш ва таваҷҷуҳи аҳли башар ба илмҳи табаиатшиносӣ равона гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо мебошад.

Март 31, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
Моҳи март дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд
Ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба Тоҷикистон меоянд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Исфара даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи шаҳри Москва бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои намоён гардиданд
Агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон ва Чин ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид мешаванд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар шаҳри Теҳрон «Шаби Тоҷикистон» баргузор гардид