Дар Хоруғ бинои Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Март 19, 2020 10:20

ХОРУҒ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи ба номи Сабралӣ Бадалиеви маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони бинои Маркази ҳамкории милитсия  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Қарор аст, ки марказ моҳи апрели соли равон ба фаъолият оғоз намояд. Дар ин  марказ баргузории мулоқоту суҳбатҳои нозирони минтақавӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва сокинони маҳалла бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии қонунвайронкунӣ дар назар аст. Дар  утоқҳои корӣ барои фаъолияти пурсамар  тамоми шароит муҳайё карда мешаванд.

Маркази ҳамкории милитсия дар сари роҳ ҷойгир буда, ҳар сокини ин маҳалла метавонад барои ҳалли  масъалаи ҳуқуқии худ ба он муроҷиат кунад.

Яке аз утоқҳои корӣ дар ин бино барои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҷудо шудааст. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, то ҷамоатҳо тавонанд дар ҳамкорӣ бо милитсия масъалаҳои ҳуқуқии худро баррасӣ намоянд.

Ҳамоҳангсози барномаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Некрӯз Наврӯзов баён дошт, ки ин лоиҳа аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар амалӣ намудани он созмони байналмилалии “Дунёи бехатар” ва Идораи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон  саҳм мегузоранд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” дар татбиқи ин лоиҳа нақши муассир дорад.

Яке аз вазифаҳои муҳими ин марказ ба вуҷуд овардани боварию эътимод байни милитсия ва ҷомеа мебошад. Акнун аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо нозирони минтақавӣ имконият пайдо мекунанд, ки оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, тундгароӣ, суиистифода аз маводи мухаддир, зӯроварӣ дар ҷомеаю оила ва баробарҳуқуқии ҷинсӣ семинару конфронс баргузор намоянд.

Узви Шӯрои ҷамъиятӣ Хурсанд Мамадшоев гуфт, ки “яке аз ҳадафҳои шӯро-ин ба ҷомеа шарҳу тавзеҳ додани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳравандон аст. Ҳар як шаҳрванд бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш огоҳ бошад, зеро надонистани қонун шаҳрвандро аз ҷазо озод намекунад. Ба ҳамин хотир байни милитсия ва ҷомеа бояд ҳамкории судманд ва иртиботи қавӣ ба роҳ гузошта шавад, то мардум дар фазои озод ва бехатар зиндагӣ кунанд”.

Бо мақсади ба вуҷуд овардани эътимоду боварӣ байни милитсия ва ҷомеа аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ семинар ва ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Чанде пеш бо ширкати кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мусобиқаҳо доир ба шоҳмот ва тенниси рӯимизӣ баргузор ва ба ғолибони мусобиқа ҷоизаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд. Масъулин ба наврасону ҷавонони 15 маҳаллаи шаҳр лавозимоти варзишӣ ҳадя намуданд.

Моҳи апрели соли равон  ифтитоҳи чунин маркази дорои утоқҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон низ дар назар аст.

Март 19, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб