Дар маҳфили «Ахтари ҳунар» аз мутриб ва сарояндаи мумтози тоҷик Акашариф Ҷӯраев ёдоварӣ карданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба гиромидошти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки олимону муҳаққиқон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайвандони Акашариф Ҷӯраев маҳфили фарҳангию бадеии «Ахтари ҳунар» баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зикр намуд, ки “мутриб ва сарояндаи мумтози мардумӣ шодравон Акашариф Ҷӯраев тавонист мусиқии миллии тоҷикиро бо хусусиятҳои ба худ хос дар Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ намояд. Акашариф Ҷӯраев ҳамчун сарояндаи касбӣ бидуни маълумоти тахассусӣ ва қобилияти навиштан дар дили мардум ҷой гирифтааст. Имрӯз садои нотакрори ӯро на танҳо мардуми мо, ҳатто берун аз марзи Ватан низ мешунаванду лаззат мебаранд. Машҳуртарин сурудҳои ӯ «Чорзарб», «Менолад дилам», «Қалъабандӣ», «Аз дараи Камароб», «Ҷон додаракам» мебошанд, ки ҳанӯз ҳам мавқеи худро дар миёни ҷомеа гум накардаанд. Аммо боиси таассуф аст, ки вақте ба сарчашмаҳои адабӣ назар медӯзем, фаъолияти касбии Акашариф Ҷӯраев хеле кам мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст. Ҳарчанд имрӯз дар Тоҷикистон мактаби эҷодии ӯ амал мекунад ва мутахассисони касбӣ дар ин самт омода гардида истодаанд, ин ҳанӯз ҳам кам аст”.
-Ҳоло Бунёди байналмилалии Акашариф Ҷӯраев аз фаъолият мондааст,- зикр дошт директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ва илова намуд, ки муҳаққиқонро зарур аст барои анҷом додани пажӯҳишҳои илмӣ роҷеъ ба фаъолияти касбии ин устоди санъати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд, зеро ба гуфтаи мавсуф, таҳлили фаъолият ва ҳунари волои чунин санъаткорони миллӣ, муаррифӣ ва ёдоварӣ аз хидматҳои шоёни онҳо барои насли ҷавону навраси мо дарси ибрат аст.
Дар ҳамоиш маърӯзакунандагон аз саҳм ва нақши Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев дар мусиқии миллӣ ёдовар шуда, зикр намуданд, ки баргузории ин гуна маҳфилҳои гуногуни адабиву фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҷомеа, донишмандону мутафаккирону ихлосмандон моро бо асолати қадимии хеш аз наздик шинос месозад. Чунин иқдом аз азал миллати бонангу номусу адабпарвару эҷодкор будани тоҷиконро барои насли имрӯзу фардо ва ҷаҳониён наздику равшан муаррифӣ менамояд.
Зимни маҳфил директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, номзади илми санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Ҷӯрабек Назрӣ аз фаъолият ва ҳунари нотакрори Акашариф Ҷӯраев ёдоварӣ намуданд.
Сипас устодони санъати тоҷик- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, роҳбари бадеии Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидов, пайрави мактаби ҳунарии Акашариф Ҷӯраев- Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Исмоил Назрӣ бо шогирдон сурудхонӣ намуда, хотири ҳозиринро шод намуданд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






