Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти коронавирус ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 28.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарчанд то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, новобаста ба ин муассисаҳои тандурустӣ бояд ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта ҳамаҷониба омода бошанд. Дар ин робита, ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ ҷиҳати дар ҳолати зарурӣ омода будани муассисаҳои тиббии мамлакат ва табибон дода шуд. Ҳамчунин табибон даъват гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба роҳ монанд.
Ин матлаб 27 март зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва бештар андешидани тадбирҳои қатъӣ вобаста ба пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як зумра муассисаю раёсатҳои тандурустӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки назорати қатъии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз хориҷи мамлакат ба Тоҷикистон бармегарданд, яке аз масъалаҳои меҳварие мебошад, ки зери назорати қатъии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Зимни ҷаласа оид ба рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 феврал то кунун 5919 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 2050 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз, 28 март дар мамлакат ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






