Дар Норак ба шарафи Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид

Март 6, 2020 14:34

НОРАК, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода бахшида ба Рӯзи Модар  бо коргарзанони  Муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и шаҳр,  донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ  дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд ва занони собиқадори  меҳнат, фаъолзанони корхонаву муассисаҳои шаҳр, эҷодкорону ҳунармандон вохӯрӣ намуд.

Маликшо Неъматзода зикр кард, ки шаҳри Норак маҳз бо кӯшишу заҳмат ва меҳнати шабонарӯзии коргарзанони шаҳр   дар қатори шаҳрҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ҷо гирифта, аз ҷониби  сайёҳони хориҷию дохилӣ  баҳои  мусбат  гирифтааст.

Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода нақши занонро дар пешрафти ҷомеа,  саҳми арзандаи онҳоро дар тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас, корҳои ободонию созандагӣ  ва бунёдкорӣ махсусан зикр намуда, гуфт, ки шумораи зиёди занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, бахусус саноату энергетика, хизматрасонии маишӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба меҳнати софдилона машғул мебошанд.

Дар ҳамоиши идона барои меҳнати софдилона 60 нафар коргарзанони идораи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и шаҳр,  43 нафар донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил  менамоянд, бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  қадрдонӣ   шуданд.

Ҳамчунин барои саҳми муносиб дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, иштироки фаъолона дар амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи фаъолзанон ва собиқадорони меҳнат бо ифтихорномаю сипосномаҳои мақомоти иҷроия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Март 6, 2020 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид